速報APP / 圖書與參考資源 / Фарзандони Расули Акрам (с)

Фарзандони Расули Акрам (с)

價格:免費

更新日期:2018-12-06

檔案大小:3.5M

目前版本:1.0

版本需求:Android 4.0.3 以上版本

官方網站:mailto:bekmuhamads@gmail.com

Email:https://beksoft.blogspot.com/p/privacy-policy-info-apps-built-app-as_29.html

Фарзандони Расули Акрам (с)(圖1)-速報App

Ҳамду сано Худоро ва дуруду салом бар Паёмбари бузургвораш Муҳаммад.

Фарзандони Расули Акрам (с)(圖2)-速報App

Аммо баъд, Худованди Раббулиззат бо фазлу карами Хеш ҷиҳати ҳидояти инсонҳо паёмбар фиристод, то мардум аз паёмбарон зиндагии ризоятбахш ва худописандонаро ёд бигиранд ва дар тамоми бахшҳои зиндагӣ равишеро интихоб кунанд, ки Худованд ба паёмбар (с) омӯхта ва ӯ ба инсонҳо расонидааст.

Фарзандони Расули Акрам (с)(圖3)-速報App

Паёмбарон танҳо аҳкоми илоҳиро бо забон бозгӯ накардаанд, балки дар амал низ пиёда карданд ва ба унвони намуна барои дигарон қарор гирифтаанд. Бинобар ин, Худованд паёмбаронро аз фариштаҳо ва ҷинҳо интихоб накардааст, чаро ки нишон додани тарзи зиндагй фақат тавассути паёмбаре имконпазир аст, ки аз насли худи инсонҳо бошад ва амал кардан ба аҳком ва ононро водор сохтан ба амал ҳадафи аслии паёмбарон мебошад.

Фарзандони Расули Акрам (с)(圖4)-速報App

Бинобар ин, анбиё дар тамоми умури зиндагӣ башарро раҳбарӣ кардаанд, то инсонҳо дар анҷоми корҳои дунявии хеш битавонанд аз онҳо итоат ва пайравӣ намоянд, то бо иқтидо ба онон ибот ризомандии Худовандро фароҳам оваранд.

Фарзандони Расули Акрам (с)(圖5)-速報App

Аз мутолиаи сирати паёмбарон маълум мешавад, ки баъзе аз онон худ машғул ба ҳунармандӣ ва дигар ҳирфаҳо будаанд ва баъзе подшоҳӣ низ кардаанд ва дар зиндагии баъзе аз паёмбарон тараққӣ ва заволи баъзе аз ақвом ба чашм мехӯрад. Бинобар ин, тамоми корҳое, ки дар зиндагии инсон рӯй медиҳад, метавон дар ҳаёти анбиё ёфт, ба хусус сарвари паёмбарон ҳазрати Муҳаммад (с), ки зиндагии муборакаш монанди китоб равшану возеҳ ва маҳфуз асг ва ҳеҷ қисмате аз зиндагии он ҳазрат пӯшида несг. Ҳар кас метавонад аз зиндагии он ҳазрат (с) барои худ дарси ибрат бигирад.